Шарик




Алока

Чумхури Точикистон
ш.Душанбе, ку.Курбана Рахимова, 4
тел/факс: +992 (37) 2219486
тел: +992 (37) 2211574
E-mail: info@imkoniyat.tj

Дар бораи Мо


Ҷамъияти маъюбони ш. Душанбе “ИМКОНИЯТ” дар соли 1989 таъсис дода, шуда пешоҳанги ҳаракати маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ташаббускори таъсисдиҳии ташкилот шахсони дорои имконияташон маҳдуд буда, ки дар мактаб-интернат барои бачагони маъюб гирифтори касалиҳои полеомиелит ва ФМС(ДЦП) таҳсил мекунанд. Мақсади таъсиси ташкилоти мазкур аз Ҳифзи ҳуқуқ ва мақсадҳои шахсони дорои имконияташон маҳдуд иборат буд. Дар ибтидо, ташкилот Ҷамъияти маъюбони Душанбе ном дошта,  баъд ҳангоми аз нав ташкилдиҳии он ном ва вазъи ҳуқуқии он таъғир ёфтанд.

         Соли 1996 ташкилот, Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе ном гирифт. Дар соли 2000 Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе вазъи ҳуқуқии худро таъғир дода Филиали Ассотсиятсияи маъюбони Тоҷикистон «ДИЛСӮЗ» гашт. Соли 2004 бошад бо сабаби ба Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон таъғир додани номи Ассотсиятсияи маъюбони Тоҷикистон «ДИЛСӮЗ»  ташкилоти мо Филиали Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон шуд.

         13 сентябри соли 2010 аз нав ташкилдиҳии Ҷамъияти маъюбони Душанбе гузаронида шуд ва он вазъи шахси ҳуқуқиро гирифта ба номаш калимаи «ИМКОНИЯТ»-ро илова намуд. Ҳоло номи ҳуқуқии ҷамъияти мо –Иттиҳодияи ҷамъиятии «Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «ИМКОНИЯТ» мебошад.

         Вазифаи Ҷамъияти маъюбони Душанбе «ИМКОНИЯТ» намояндагӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони дорои имконияташон маҳдуд мебошад. Дар Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «ИМКОНИЯТ» наздики 7000 аъзоёни шаклҳои гуногуни маъюбият дошта ба қайд гирифта шудаанд. Кормандони ташкилот шахсони ҷавони дорои қобилияти маҳдуд мебошанд, ки кори ҳанӯз дар солҳои 90-уми асри гузашта оғоз намудаи рафиқони калонсолашонро идома медиҳанд. Мо насли дуюми шахсони дорои имкониятҳои  маҳдуд мебошем, ки баҳри беҳтар намудани вазъи падарон, модарон, хоҳарон ва бародарони худ, ки вобаста ба такдирашон маъюб шуданд кор мекунем. Мо ба кори худ боварии комил дорем ва  бояд ҳамаи он нақшаҳоеро,  ки баҳри анҷоми он кӯшиш дорем, дар баробари ҳуқуқҳои баробар дар ҷамъият имкониятҳои баробар низ дошта бошем.

Шиори мо: «Мо монанди ҳамагон ҳастем ва агар кӯшиш намоем, беҳтар ҳам буда метавонем».

Вазифаҳои мо:

         -ширкат дар коркарди сиёсати иҷтимоӣ, санадҳои қонунгузорӣ ва намудҳои дигари он, ки бо ҳифзи иҷтимоии маъюбон алоқаманд мебошанд;

         -мусоидат ба маъюбон дар амалигардонии ҳуқуқҳо ва имтиёзҳои тибқи қонунгузорӣ муқаррар гардида;

         - мусоидат ба ташкили тадқиқотҳо доир ба масоили маъюбон ва иштирок дар онҳо;

         - рушди робитаҳои байналмиллалӣ бо ташкилотҳои маъюбон ва дигар ташкилотҳои байналмиллалӣ;

         -кушодани марказҳо доир ба омӯзиши компютерҳо ва ташкили курсҳои гуногун бо мақсади ба таҳсил фаро гирифтани  маъюбон;

         -кушодани марказҳои машваратӣ доир ба масъалаҳои ҳалталаб   ва проблемаҳои маъюбон; 

         Самтҳои асосии фаъолияти «ИМКОНИЯТ»:

         -лоббиронии «Конвенсияи оиди  ҳуқуқи маъюбон»;

         -дастгирии ҳуқуқии шахсони дорои имконияташон маҳдуд;

         -барканоркунии қолабҳои муқаррарӣ нисбат ба шахсони дорои имконияташон маҳдуд;

         -интегратсияи шахсони дорои имконияти маҳдуд ба ҷамъият;

         -лоббиронӣ доир ба ташкили муҳити дастрас барои шахсони дорои имконияташон маҳдуд;

         -дастгирии эҳсонкоронаи шахсони дорои имконияташон маҳдуд.

         Дар фаъолияти худ мо лоиҳаҳоеро амалӣ месозем, ки онҳо ба тезонидани суръати аз Ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонидани «Конвенсия доир ба ҳуқуқҳои маъюбон», равона шудаанд, Дар соли 2008 мо Форуми ташкилотҳои маъюбони Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Эронро гузаронидем. Форум ба Сарварони давлатҳои иштирокчӣ доир ба тезонидан ва ба тасвиб расонидании «Канвенсия доир ба ҳуқуқҳои маъюбон» муроҷиатнома қабул намуд. Лоиҳаи гузаронидани Форум аз Ҷониби Хазинаи Абилисӣ давлати Финляндия дастгирӣ ёфта буд.

 

         Гузаронидани силсила семинарҳо доир ба ҳуқуқҳои шахсони дорои имконияташон маҳдуд:

         Семинари «Маърифати ҳуқуқии шахсони дорои имконияташон маҳдуд»-Хуҷанд, 2009. Лоиҳа бо ҳамкории Марказӣ Тоҷикистон оид ба  масъалаҳои минаҳо амалӣ карда шуд.

         Семинар – трениг «Маърифати ҳуқуқии миллӣ ва байналмиллалӣ нисбат ба шахсони дорои қобилияти маҳдуд» моҳи  декабри соли  2009. Лоиҳа бо ҷонибдории намояндагии САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд.

         Лоиҳаи иҷтимоию иқтисодӣ доир ба тақсими замбури асал барои шахсоне,  ки аз минаҳо зарар диданд. Лоиҳа бо ҷонибдории БРСММ дар  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Марказӣ Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мина амалӣ карда шуд.

         Осоишгохи тобистонаи баҳри аз нав барқароркунии маъюбоне, ки  аз минаҳо зарар диданд, дар солҳои 2009 ва 2010.

Лоиҳа дар ҳамкорӣ бо Марказӣ Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо амалӣ карда шуд.

         Ба тасвиб расонидани «Конвенсия доир ба ҳуқуқҳои маъюбон» -солҳои 2010-2011. Лоиҳа аз ҷонибӣ Институти «Ҷомеаи кушод» Хазинаи мадади – Тоҷикистон (ИҶК ХМ-Тоҷикистон) дар асосӣ барномаи «Ташаббусҳо, ки аз ҷониби Тоҷикистон ба тасвиб расонидани Конвенсияи СММ доир ба ҳуқуқҳои маъюбон равона шудаанд».

 

         Ҳамасола «ИМКОНИЯТ»  чорабиниҳои зерин мегузаронад:

         Иди Наврӯз барои аъзоёни ташкилоти маъюбӣ

         8-июл – Рӯзи маъюбон ва пиронсолони Ҷумҳурии  Тоҷикистон;

         3 декабр – Рӯзӣ байналмиллалии маъюбон.

         Арчаи солинавӣ барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд;

 

         Шарикони мо

      Мақомоти давлатӣ:

 

     Ташкилотҳои  ғайридавлатии миллӣ:

·        Федератсияи варзиши маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон      

 

      Ташкилоти ғайри давлатии хориҷӣ :

        

             

     Ташкилотҳои байналмиллалӣ :

Курси забонхои хоричи

Курси таомпази

Курси дузандаги

Курси барномаи 1С